Ҳаштуним сол ҳабси ронанда барои захмӣ кардани нозири БДА
Додгоҳи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як ронандаи таксӣ дар ин минтақаро барои бо корд захмӣ кардани майор Сӯҳроб Исмонқулов, нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ 8,5 равонаи зиндон кардааст. Баҳром Маҷидзода -- додраси Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод 14 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мирзоаҳмад Камоловбар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон ва асосан барои "расондани зарари вазнин" ба саломатии пулиси роҳ гунаҳкор дониста шудааст.Мирзоаҳмад Камолови 38-сола моҳи майи соли ҷорӣ ба иттиҳоми бо зарби корд захмӣ кардани Сӯҳроб Исмонқулов боздошт шуд. Додраси додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, ки ин сокини Кӯлоб аввал ба фармони нозири роҳ итоат накарда мегурезад ва танҳо баъди аз қафояш шудани Исмонқулов мошинро нигоҳ дошта, ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ бо се зарби корд ӯро маҷрӯҳ кардааст.Камолов мошини тамғаи "Нексия" меронд ва дар пайи тафтиши он аз дохилаш 5 кордча пайдо ва мусодира шудааст.Солҳои охир мақомот аз ҳодисаҳои итоат накардани ронандагон ба пулиси роҳ шикоят мекунанд. Моҳи марти соли ҷорӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи Баҳриддини Наҷмиддин, ронандае, ки корманди Бозрасии Давлатии Автомобилиро дар Душанбе рӯи "капот"-аш то 100 метр бурда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.Дар видеои ҷанҷолие, ки рӯзи 20 март дар Фейсбук нашр шуд, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худро болои мошине андохта ва талаб мекунад, ки ронанда мошинро нигаҳ дорад, вале ронанда маъмури пулисро бештар аз сад метр болои мошинаш мебарад. Як нафар ҳам бо муроҷиат ба нозири роҳ мегӯяд, ки аз болои мошин поин биёяд ва иҷоза диҳад, ки ронанда ба ҳаракаташ идома диҳад. Коре, ки нозири роҳ намекунад ва баъдан аз болои мошин поён меояд ва ронандаи фирориро дашном медиҳад.Дар аввали моҳи апрел мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, алайҳи боз як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Аз ин ронанда Ибодулло Қодиров, сокини 24-солаи Душанбе, ном бурда мешавад.Тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегӯянд ва ба гуфтаи аксарияти ронандагон бо ин зуҳурот дар ҳар сари қадам рӯ ба рӯ мешавед. Дар як назархоҳӣ дар мавриди коррупсия дар Тоҷикистон, ки 5 соли пеш бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, 53 дарсади мардум гуфтанд, ки кормандони БДА бисёр “бевиҷдон ва ришвахор” ҳастанд.Ин мушкилро мақомоти Вазорати умури дохилӣ ҳам эътироф кардаанд ва гуфтанд, ки охири соли 2014 барои нозирони роҳ 50 камераеро оварданд, ки афсарони пулис бо худ мегиранд ва тамоми муоширату рафтори онҳо бо ронандагон мустақим дар маркази назорат мушоҳида мешавад. Ин таҷҳизот ба қавли мақомот барои аз байн бурдани тамаъҷӯӣ аз ронандагон оварда шуд, ҳарчанд ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.
Амалиёти СВОП миёни Тоҷикистону Чин шурӯъ шуд
Дар Урумчӣ маросими оғози амалиёти СВОП ё мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин баргузор шуд. Ин амалиёт яке аз роҳҳои пешгирӣ аз болоравии қурби доллар гуфта мешавад.
Рӯзи 13 декабр дар Урумчии Чин маросими оғози амалиёти СВОП ё мубодилаи асъор миёни пули миллии Тоҷикистон ва юани Чин баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки "ин чораи пешгирӣ аз шиддати болоравии қурби доллар дар кишвар аст". Худи созишномаи СВОП моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин имзо шуда буд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, ду ҳафтаи пеш дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ин тадбир шиддати болоравии қурби долларро коҳиш дода ва ба соҳибкорони тоҷики соҳиби тиҷорат дар Чин кумак хоҳад кард. Таҷрибаи муомилоти пуливу корӣ бо асъори кишвари сармоягузор, ки бо истилоҳи СВОП маъруф аст, дар иқтисоди ҷаҳон падидаи роҳуфтода аст. Чин муддатҳо пеш бо даҳҳо кишвар чунин ҳамкориро ба роҳ мондааст. Механизми кор ин аст, ки Бонки рушди Чин, як ниҳоди тобеи Бонки мардумии ин кишвар бо маблағи муайян ба бонки рушди давлати ҳамкор қарз медиҳад ва ин пулҳо дар ихтиёри ширкату корхонаҳое гузошта мешавад, ки барои харидории мол дар Чин ба юан эҳтиёҷ доранд. Сергей Сенинский, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар Радиои Озодӣ, мегӯяд, дар шароите ки 72 дарсади муомилаҳои пулии ҷаҳон бо ду асъори асосӣ - доллари амрикоӣ (45%) ва евро (27%) - сурат мегирад, ин иқтисодҳои дар ҳоли рукудро маҷбур мекунад, ки як бахши муомилаҳои тиҷоратиро бо давлати аслии шарики иқтисодиашон бо пули миллии он давлат ба роҳ монанд. Коршинос мегӯяд, стратегияи интихобкардаи мақомоти Тоҷикистон ҳам ба ҳамин чорчӯб мувофиқат мекунад. Юани чинӣ аз назари истифода дар муомилаҳои тиҷоративу молии ҷаҳон баъди фунти бритониёӣ (9%) ба ҷои чорум баромада, 3 дарсади муомилаҳои ҷаҳонро ташкил мекунад. Чин ваъда додааст, ки дар се соли оянда ба ҳисоби ним миллиард доллар (3,1 миллиард юан) ба Тоҷикистон юан медиҳад. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон зимни шарҳи амалиёти СВОП гуфтанд, ки дар чорчӯби он мубодилаи сомонӣ ба юан ва баръакс аз рӯи қурби пешакӣ муқарраршуда сурат хоҳад гирифт. Ҳадаф аз ин амалиёт зиёд кардани захираҳо, баланд бардоштани имконоти содиротӣ, сармоягузории бахши тиҷорат ва дастгирии тавозуни пардохт унвон шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, қурби пулҳои миллии Тоҷикистону Чин бар асоси таҷрубаи ҷаҳонӣ, яъне бо дарназардошти қурби доллари амрикоӣ муайян карда мешавад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо дар қадами аввал як миллион юанро ба бозор мебароранд.